Дар Чемпионати футболи Тоҷикистон аз моҳи майи имсол системаи кӯмакдовар ё ба истилоҳ VAR ба кор шуруъ мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти зарурӣ аллакай харидорӣ шуда, вале то ҳол ба кишвар ворид нагаштааст. Дар назар аст, ки системаи мазкур дар нимаи дуюми мусобиқаи Лигаи бартарӣ кишвар ба кори худ шуруъ кунад. Вале дақиқ нест, ки системаи кӯмакдовар дар бозиҳои Лигаи якуми Тоҷикистон имкони фаъолият дорад, ё не?
ФФТ менависад, ки системаи мазкур бояд дар бозии ниҳоии Суперҷоми Тоҷикистон-2023, ки 6 май баргузор мешавад, кори худро оғоз мекард, вале ба Тоҷикистон ворид шудани он ба таъхир афтод.
Системаи кӯмакдовар ё VAR аз соли 2018 инҷониб дар футболи Аврупо фаъолият мекунад. Баъдан кишварҳои Осиё низ ин таҷрибаро роҳандозӣ намуданд. Системаи мазкур кори доваронро осон мекунад. Ҳакамони бозӣ дар ҳолатҳои баҳснок метавонанд аз наворҳои такрорӣ вазъиятро баҳои дақиқ диҳанд.
Ҳаводорони футболи тоҷик аз кори баъзе доварон изҳори нигаронӣ мекунанд. Мухлисон иддао доранд, ки ҳакамони тоҷик дар ҳолатҳои баҳснок хулосаҳои нодуруст мебароранд.
Давлат АБДУЛЛО