Палатаи поёнии парламенти Ҷопон 10 рӯз баъд аз баргузории интихоботи парламентӣ, ба сарвазирии дубораи раиси ҳизби либерал-демократик Синдзо Абэ овоз дод.
Синдзо Абэ аз соли 2012 сарвазири Ҷопон буд, аммо соли гузашта бо коҳиши маҳбубият мувоҷеҳ шуда буд. Назарсанҷиҳои тобистони гузашта аз афзоиши дубораи маҳбубияти вай хабар дод. Ба ҳамин далел Абэ барои истифода аз фурсат, баргузори интихоботи зудтар аз замонро дар рӯзи 22 октябр эълон карда буд.
Блоки рекламавӣ