Барои баргузории фестивали байналмилалии синамои Тошканд як рӯзи дигар боқӣ мондааст. 28-уми сентябр ба ин шаҳр аз 37 кишвари олам беш аз 50 ситораи дурахшони синамои ҷаҳонӣ ва 400 нафар синамогари кишварҳои хориҷӣ гирдиҳам хоҳанд омад.
Ёдовар мешавем, ки ин фестивал дар гузашта ба номи “Фестивали синамои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ” баргузор мешуд ва таърихи қариб сисола дорад. Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар фестивали Тошканд синамогарони Тоҷикистон бо филмҳои худ ширкат мекунанд ва дар доираи он барои тамошобинони вилоятҳои Андиҷон ва Фарғона ин филмҳоро намоиш хоҳанд дод.
Як гурӯҳ синамогарони Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар фестивали байналмилалии синамои Тошканд, ки “Дурдонаи роҳи бузурги абрешим” унвон гирифтааст, ширкат хоҳанд кард. Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби ин фестивал “Рӯзҳои синамои ҷаҳон” низ баргузор хоҳад шуд, ки таҳти шиори “Барои сулҳ, фарҳанг ва пешрафт” сурат мегирад.
Мувофиқи барномаи фестивал рӯзҳои синамои Эрон 29 сентябр дар бинои Театри ҷавонони Ӯзбекистон оғоз меёбанд. Синамогарони ду кишвар-Ӯзбекистон ва Эрон дар чаҳорчӯби рӯзҳои синамои Эрон дар бораи барқарор намудани ҳамкориҳо мулоқотҳо баргузор хоҳанд кард. Инчунин бо ширкати синамогарони эронӣ гузаронидани дарсҳои маҳорат дар мадди назар гирифта шудаанд.
30 сентябр дар ин театр филмҳои синамогарони эронӣ Мазиор Мирӣ ва Абулфазл Ҷалилӣ – “Соро ва Саида” ва “Поезди шабона” ба тамошо гузошта мешаванд. Худи ҳамон рӯз меҳмонони эронӣ озими вилояти Ҷиззах хоҳанд шуд ва дар баробари дидору мулоқот бо тамошобинони он ҷо филми “Рӯёи Сӯҳроб”-и коргардон Алӣ Гавитанро ба намоиш хоҳанд гузошт.
1 октябр синамогарони эронӣ меҳмони мухлисони самарқандии худ мешаванд. Дар ин шаҳри бостонӣ филмҳои “Мерос”, “Модарӣ” ва “Диапазон” ба намоиш гузошта мешаванд. Баъд меҳмонон ба шаҳри Тошканд бармегарданд, то ки дар маросими пӯшидашавии фестивали ХIII-уми байналмилалии синамо ширкат кунанд.
Бар асоси як пурсиши ВВС чаҳор филми беҳтарини олам маҳз дар Эрон офарида шудаанд ва онро дар феҳрасти ба наздикӣ нашршудаи 100 филм ҷой додаанд.
Ба ақидаи коршиносони синамо ҷойгоҳи ҷаҳонии синамои Эрон, ба далели он ки таваҷҷӯҳи зиёди муштариёнро ба худ ҷалб менамояд, дар арсаи байналмилалӣ хеле хуб қобили пазироӣ гардидааст. Барои тамошобинони зиёд филмҳои Аббос Каёрустамӣ, Мӯҳсини Махмалбоф, Мани Ҳақиқӣ, Ҷаъфар Паноҳӣ, Дориюши Меҳрҷӯӣ, Ширин Нишот, Шуҷоъ Озарӣ ва дигарон хеле ошност.
Тавре ки баъзе манбаҳо қайд намудаанд, филми “Шаби аввали 18-солагӣ”-и Ҳомид Теҳронӣ низ тамошобинони зиёд пайдо кардааст. Инчунин “Дарахти бед”-и Маҷид Маҷидӣ низ аз ҳамин зумра филми ҳунарӣ муаррифӣ шудааст.
Гуфта мешавад, Асғар Фарҳодӣ ба гирифтани ҷоизаи “Оскар” ноил шудааст. Вай соли 2012 барои филми “Талоқи Нодир ва Симин” дар номинатсияи “Филми беҳтарини забони хориҷӣ” ин ҷоизаро ба даст овардааст.
Бармегардем ба фестивали байналмилалии синамои Тошканд ва ҳамин нуктаро қайд менамоем, ки мухлисони филмҳои эронӣ бо намояндагони синамо ва коргардонҳои Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷумла Алиризо Тобиш, Мирзо Абдулфазл Аттор, Муҳаммад Меҳдӣ Асғарпур, Иброҳим Мухторӣ, Ҳамидризо Гатбӣ, Алиризо Шоҳрухӣ, Ҳамид Теҳронӣ, Алӣ Гавитан ва дигарон дидору мулоқотҳо анҷом хоҳанд дод ва бо иддае аз филмҳои онҳо аз наздик ошно хоҳанд шуд.
Ногуфта намонад, ки дар солҳои охир бархе аз филмҳои ҳунарии коргардонҳои эронӣ дар шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон намоиш дода мешаванд. Мардуми ин кишвар нисбати филмҳои эронӣ ҳамеша вокунишҳои мусбат нишон медиҳанд.
– Ҳар филми синамогарони эрониро мардуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо шавқу завқи баланд тамошо мекунанд. Мазмун ва мундариҷаи филмҳои эронӣ хеле пурмуҳтаво ва ғанӣ мебошанд. Аллакай филмҳои коргардонҳои ин кишвар тӯли солҳои дароз дар фестивалҳои синамои ҷаҳонӣ муваффақона ширкат кардаву соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Умедворам, ки маҳсули синамогарони эронӣ дар фестивали ХIII-и синамои Тошканд низ хеле гарм пазируфта хоҳанд шуд, – мегӯяд муҳаррири бахши адабиёт ва ҳунари рӯзномаи “Овози тоҷик”, чопи Тошканд, шоир Абдулло Субҳон.
Вай афзуд, интизор меравад, ки баъди анҷоми фестивали байналмилалии синамои Тошканд дар экранҳои кинотеатрҳои шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, хоссатан, шабакаҳои мухталифи телевизионии он муштариён ҳарчи бештар аз намоиши филмҳои ҳунарӣ ва сериёлҳои пурҷозибаи коргардонҳои эронӣ баҳраманд хоҳанд шуд.
– Ман аз тамошои чанд филму сериёли коргардонҳои эронӣ ба чунин хулоса омадам, ки тамошои он барои муштариёни ӯзбекистонӣ ягон мушкил ва нороҳатӣ эҷод наменамоянд. Дар ин филмҳо арзишҳо, эътиқод ва расму ойинҳои миллӣ риоя мешаванд. Аз тарзи либоспӯшӣ то муносибату муоширати миёни қаҳрамонони филм барои мардуми мо қобили қабул хоҳад буд, – мегӯяд яке аз мухлисони филмҳои эронӣ, ки худро Саидҷон Неъматов муаррифӣ кард.
Ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо, то ҷойе, ки вай медонад, аз бӯсу канор, даст ба дасти ҳам додани ошиқу маъшуқ, нӯшидани шароб ва амсоли он дар аксари филмҳои эронӣ нишоне пайдо кардан амри маҳол аст. Аммо перомуни кашидани сигор аз ибрози ақида худдорӣ меварзад. Тавре Саидҷон Неъматов боз тазаккур дод, ҳақиқати ҳол аст агар гӯяд, ки зимни тамошои филмҳои эронӣ дар назди зану фарзандон ҳаргиз хиҷолатзада намешавад.
– Дар ҳар сурат, сериёли “Шаҳрзод”-и коргардон Ҳасан Фатҳиро, ки ин шахс нависандагии онро низ бар дӯш дорад, метавон намунаи беҳтарини филмҳои хуби эронӣ арзёбӣ кард, – мегӯяд Саидҷон Неъматов.
Дар чаҳорчӯби баргузории фестивали байналмилалии ХIII -и синамои Тошканд, ки аз 28 сентябр то 2 октябри соли равон давом хоҳад кард, нишастҳои хабарӣ ва пиёда кардани чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ низ барномарезӣ шудаанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори хоси “Фараж”,
шаҳри Тошканд