23 апрели соли 2025, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дарси устод ва шогирд таҳти унвони «Синамо ва Зеҳни Сунъӣ: Иттиҳоди андешаҳо ва алгоритмҳо» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси «Мактаби синамогарони ҷавон» ва бо дастгирии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» сурат гирифт.

Мавзӯи асосии чорабинӣ омӯзиши нақши зеҳни сунъӣ (AI) дар равандҳои эҷодии синамо буд. Дар ҷараёни дарс, Рустам Гулов, коршиноси варзида ва муҳаққиқи соҳаи технологияҳои рақамӣ, доир ба имконоти истифодаи зеҳни сунъӣ дар сенариянависӣ, таҳрири овоз ва тасвир, моделсозии виртуалӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими истеҳсоли филм маълумоти фарогир пешниҳод намуд.

Дар муҳити озоду эҷодӣ, иштирокчиёни чорабинӣ имкони баён кардани андеша, матраҳ намудани саволҳо ва дарёфти посухҳои муфассал ва илҳомбахшро пайдо карданд. Ин ҳамоиш на танҳо як дарси омӯзишӣ, балки оғози муколамаи ҷиддӣ дар бораи ҳамзистии эҷодиёт ва технологияҳои муосир гардид.

Мақсади асосии баргузории чунин чорабиниҳо — омода намудани мутахассисони ҷавон барои фаъолият дар муҳити рақамии синамо ва ҳамзамон ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва ҳунари синамо дар шароити ҷаҳони муосир мебошад.

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» минбаъд низ тасмим дорад бо ташкили барномаҳои таълимии инноватсионӣ ва истифодаи васеи технологияҳои пешрафта, саҳми назаррас дар рушди синамои миллӣ гузорад.

Абдураҳмон Раҳмонов, “Tajikfilm”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь