Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар муроҷиатномаи худ сокинонро шодбош гуфта, таъкид кардааст, ки рӯза ибодати пурмашаққат буда, сабру таҳаммулро мехоҳад ва на ҳама талаботи онро иҷро карда метавонад.

Дар робита ба ин Шӯрои уламо дар ҳашт ҳолат ба бемороне, ки табибон ҳолати онҳоро вазнин арзёбӣ кардаанд, мусофирати тӯлонӣ, маҷбур кардани шахс барои рӯзадорӣ, занҳои ҳомиладор ва ширдеҳ, шахсони гурусна ва пиронсолон хӯрдани рӯзаро иҷозат додааст.

Шӯрои уламо аз сокинони ҷумҳурӣ хостааст, ки вобаста ба шароити пешомадаи сирояти коронавирус дар ҷаҳон, ба саломатии худ беаҳамиятӣ накарда, муҳоҷирони дар хориҷ қарор дошта, дар ҳолати ҳис кардани нишонааҳои беморӣ таъҷилан ба табибон муроҷиат  кунанд.

Аз соҳибкорони ватанӣ ва  бурунмарзӣ хостааст, ки ба муҳоҷирон меҳнатие, ки айни ҳол дар ҳолати қарантин қарор доранд, ёрии беғаразонаи худро дареғ надоранд.

– Бо назардошти вазъияти пешомада ва мушкилот дар муносибатҳои байналмилалӣ, ба кормандони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳем, ки гирифтани рӯзаро  ба қазо гузоранд, – гуфтааст Шӯрои уламои ҷумҳурӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь