Шумораи ҳалокшудагон бар асари заминларзаҳо дар Туркия ва Сурия ба беш аз 4,3 ҳазор нафар расид.

Анқара маълумотро нав кард: 2,921 кушта, 15,834 захмӣ, хабар медиҳад Anadolu. Мақомоти Сурия қаблан дар бораи 711 кушта ва 1431 захмӣ хабар дода буданд. Ба гузориши хабаргузории Франс Пресс, дар ҳудудҳои таҳти назорати Димишқ дасти кам 733 нафар кушта ва беш аз 2,1 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд.

Шаби 6 феврал дар Туркия заминларзаи шадид рух дод. Шиддати он, аз рӯи ҳисобҳои гуногун, аз 7,4 то 7,8 буд. Ба дунболи ин даҳҳо заминларзаи дигар ба амал омад. Ба гуфтаи мақомоти Туркия, ин бузургтарин офати табиӣ аз соли 1939 ба ин сӯ аст. Хазорон бино вайрон шуданд. Бартарафкунии вайронаҳо давом дорад.

Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳои таслият кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь