Аз 27-уми августи соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе аз 4-парвозӣ дар як ҳафта ба 14-парвозӣ дар як ҳафта афзоиш дода мешаванд. Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Аз 1 апрели соли 2021 парвозҳои байналмилалии мунтазам байни пойтахтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия якпарвозӣ дар як ҳафта ва аз 10 июни соли 2021 боз якпарвозӣ аз ҳарду ҷониб барқарор шуда, айни замон ҳамагӣ 4 парвози мунтазам дар як ҳафта дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе амалӣ мешавад. Дар баробари ин ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Русия иҷозат дода шудааст, ки тавассути парвозҳои чартерӣ парвоз анҷом диҳанд.

Бо тасмими ҷониби Русия аз 27 августи соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе аз 4-парвозӣ дар як ҳафта ба 14-парвозӣ дар як ҳафта афзоиш дода мешавад.

Дар баробари афзоиш ёфтани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе, қарор қабул карда шудааст, ки аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Ҳуҷанд ва Кӯлоб ба фурудгоҳҳои байналмилалии Русия, ки парвозҳои байналмилалӣ дар ин фурудгоҳҳо барқарор шудаанд, якпарвозӣ дар як ҳафта дар ҳамаи самтҳои барқароршуда амалӣ карда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь