Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад, ки шумораи ҳалокшудагон аз фаромадани тарма дар рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ ба 17 нафар расидааст.

Кумита мттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Шуғнон ҷасади як духтари ҷавон аз зери тарма берун оварда шуд ва бо ин шумори ҳалокшудагон дар лағзиши тарма дар рӯзҳои охир ба 17 нафар расид.

13 нафар дар шаҳри Хоруғ, 2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.

Дар ноҳияи Ишкошин ду духтари донишҷӯ, ки ба эҳтимоли зиёд зери тарма мондаанд, ҷустуҷӯ мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here