Шумораи ҳалокшудагони таркиш дар бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар шаҳри Бандар Аббоси Эрон ба 70 кас расид. Дар ин хусус хабаргузории «Меҳр» бо истинод ба директор оид ба вазъияти буҳронӣ дар устони Ҳурмузгони Эрон хабар додааст.
Агентӣ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки корҳои хомӯш кардани сӯхтор ба анҷом расидаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбеи 26-уми апрел дар бузургтарин бандари контейнерии Эрон Шаҳид Раҷоӣ таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи таркиш ду бинои наздик ба бандар вайрон шуда, контейнерҳои дорои бор осеб дидаанд.
АМИТ «Ховар»
Блоки рекламавӣ