Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки давоми шабнарӯзи охир дар кишвар 6 нафар ба коронавирус мубтало гардидаанд. Гуфта мешавад, теъдоди шифоёфтагон низ 6 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.

Дар қиёс ба рӯзи гузашта шумораи сироятёфтагон (2 нафар) ва шифоёфтагон (2 нафар) афзоиш ёфтааст. Аз замоне, ки рӯзи 21 январ Вазорати тандурустӣ ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирусро дар кишвар эълон кард, шумори расмии сироятёфтагон ба COVID-19 дар ин миён  ба 263 нафар расид.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемӣ то ба имрӯз шумораи умумии гирифторон ба COVID-19 дар кишвар 17361 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 17213 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир монда, 124 нафарро дар бар мегирад.

Айни замон дар Тоҷикистон мавҷи сеюми коронавирус ҷараён дорад. Ҳоло дар кишвар маъракаи ваксиназании аҳолӣ рафта истодааст. Ваксинзании зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмӣ мебошад.

Бино ба гуфтаи вазорати тандурустииҶТ, то санаи 1-уми феврали соли 2022 дар Тоҷикистон 4 млн 594 ҳазору 703 нафар (79,7% аз шумори умумии аҳолии калонсол) ваксинаҳои зидди коронавирус гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 3 млн 902 ҳазору 269 нафар (67,7%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Дар Тоҷикистон аз 5 ваксина: “Sputnik V”, “AstraZeneca”, “CoronaVac”, “Moderna” ва “Pfizer” истифода карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь