Аз ҷониби кормандони шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар дар ин сардиҳои зимистон гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, ба аёдати хонандагони камбизоат рафта, ба онҳо кӯмаки яквақта расонида мешавад.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шаъмигул Шарифзода гуфт, барои кумаку аёдати хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва кӯдаконе, ки ба таълими хонагӣ машғул мебошанд, гурӯҳи кории шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ сафарбар гардиданд.

Зимни аёдат ба кӯдаконе, ки ба таълими хонагӣ фаро гирифта шудаанд ва хонандагон аз оилаҳои камбизоат кумаки яквақта, аз қабили орд, равған ва шириниҳо расонида шуд.

Намояндагони шуъбаи маориф ва роҳбарияту омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз ҳолати дарстайёркунии хонандагон ва зисту зиндагонии онҳо дидан карда, ба худомӯзӣ ва такрори вазифаҳо, инчунин мутолиа китобро тавсия доданд.

Гурӯҳҳои корӣ ҳангоми сӯҳбат бо волидони хонандагон ва кӯдакони номбурда тавсия доданд, ки дар омӯзишу такрори дарси фарзандон кумак карда, кӯшиш кунанд, то вақташонро зоеъ сарф накунанд.

Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь