15-уми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Нома ба Панҷшер” баргузор гардид. Китоби мазкур ба хотири дастгирӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Аҳмади Масъуд рӯи чоп омада, дар он шеърҳои шоирони тоҷик дар васфи Панҷшеру мардуми он ҷой дода шудаанд. Шеърҳои китобро шоири ҷавони тоҷик Иброҳим Дустзода ҷамъоварӣ кардааст, ки китоб бо ду хат, криллик ва форсӣ, ба нашр расидааст.
Чӣ тавре мураттиб мегӯяд, ҳадаф аз нашри ин китоб дастгирии мардуми он сӯи Ому тариқи қалам мебошад. Шоира Гулрухсор низ ин нуктаро таъкид кард, ки то ба ҳол коре, ки қалам ба сомон расонидааст, касе натавонистааст бо шамшер анҷом дода бошад.
Дар рӯнамоии китоб Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Абдунабӣ Сатторзода, Абдуллоҳи Раҳнамо ва Бузургмеҳри Баҳодур сухан кард, ҳамаи мардуми тоҷикро бо нашри ин китод табрик намуданд ва то чӣ андоза муҳим будани нашри ин китобро дар ин замони ҳассос қайд карданд.
Иброҳим Дӯстзода мураттиб ва муаллифи ғояи китоб ва сарпарасти нашри китоб мебошад. Китоби “Нома ба Панҷшер” бо теъдоди 200 нусха нашр гардид. Дар пеш ва паси китоб ду акс гузошта шудааст, ки дар як тарафи китоб акси падару писар, дар тарафи дигар чеҳраи Аҳмадшоҳ Масъуд ва Аҳмад Масъуд ба ҳам омехтаанд. Китоб бо “Достони Аҳмадшоҳи Масъуд”, ки аз шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат аст, оғоз меёбад.