Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабони Португалия аз дунё даргузашт. Вай дар синни 68 солагӣ бар тахти имомат нишаста буд.
Шабакаи Рушди Оқохон, ки ӯ дар соли 1967 асос гузоштааст, бо эълони марги ӯ гуфт: “Он тавре, ки мехост, барои беҳтар кардани зиндагии афрод ва ҷомеаҳо дар саросари ҷаҳон, новобаста аз мансубияти мазҳабӣ ва баромадашон, ҳамкориро бо шарикони худ идома медиҳем”.
Оқохони чорум борҳо бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, чанде аз иншоот, аз ҷумла пули пайвандгари Тоҷикистону Афғонистонро аз болои дарёи Ому ба истифода дод.
Сафари охирини ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2012 сурат гирифт.
Шабакаи Рушди Оқохон беш аз сӣ сол боз дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро амалӣ мекунад. Саҳмияи ширкати мобилии “Tcell”, Бонки сармоягузорӣ ва қарзӣ ва меҳмонхонаи “Серена” дар Душанбе ба ин шабака мансуб аст.
Садоқат Ширинбекова, “Фараж”