Дар шаҳри Тошканд як конфронси байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт, ки гуфта мешавад, 60 нафар коршиноси варзидаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро аз тариқи офлайн ва онлайн гирдиҳам овардааст. Дар он намояндагони Тоҷикистон  низ ширкат доранд.

Муассиси ин нишасти байналмилалиро Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳуриии Ӯзбекистон, Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба дӯш доранд.

Тавре директори Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Орипов зимни маросими ифтитоҳи он иброз дошт, муҳокимаи масъалаи амнияти итттилоотӣ дар ин давраи мушкилзо хеле муҳим мебошад.

– Гуфтугӯву мулоқот  ҳамеша мусоидат менамоянд, ки ин масъалаи муҳимро бо коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилгарии ИДМ ба таври васеъ баррасӣ кунем, – гуфт Элдор Орипов.

Раиси Кумитаи иҷроия – дабири иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, директори генералии Кумитаи иҷроияи ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши робита Нурудин Муҳитдинов, ҷонишини раиси правленияи Ҷамъияти саҳҳомии “Хадамоти давлатии техникӣ”-и Қазоқистон Зекен Исмоилов ва ҷонишини директори Институти технологияҳои иттилоотии Озарбойҷон Шокир Меҳдиев бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Онҳо таъкид карданд, ки табодули иттилоот, ҳамоҳангсозии мубориза бо таҳдидҳои гуногуни иттилоотӣ, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳо, тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои интернетӣ, ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои ногаҳонӣ, гузаронидани мониторинг ва амсоли онро дар таъмини  амнияти иттилоотӣ омилҳои муҳим мебошанд.

Нишасти байналмилалии Тошканд дар мавзуи “Таъмини амнияти иттилоотӣ” идома дорад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь