Наздики 100 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар раҳпаймоии ҳарбии 80-солагии Ҷашни Ғалаба, ки 9-уми майи соли 2025 дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Тавре Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар, хабар медиҳад, то кунун як ротаи низомиёни тоҷик дар пойтахти Русия қарор доранд ва онҳо дар тамринҳои ҳамарӯза ҳамроҳ бо воҳидҳои низомии дигар кишварҳо ширкат мекунад.
Гуфта мешавад, ки дар роҳпаймоӣ, Тоҷикистонро ҳайати шахсии бригадаи десантӣ-ҳамлагарони нерӯҳои зудамал намояндагӣ мекунанд. Ин воҳид бахше аз Нерӯҳои дастҷамъии вокуниши зудамал ва Нерӯҳои дастҷамъии мустақаркунандаи сареъ дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) мебошад.
Ба сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба, гуфта мешавад, ки 19 кишвар, аз ҷумла 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, даъват шудаанд.