Директори Агентии содирот Шавкат Бобозода имрӯз, 15-уми феврал, дар нишасти матбуотии ин агентӣ ба саволи хабарнигори “Фараж”, ки оё дар кишвар ягон завод ё корхонае ҳаст, ки маҳсулотро истеҳсол кунад ва онро дар дохил ба фурӯш нагузошта, рост ба хориҷ содир кунад, чунин ҷавоб дод:
“Дар ҳақиқат чунин ширкатҳо ҳастанд ва онҳо молу маҳсулоти истеҳсолиашон танҳо ба хориҷа содирот мегардад, чун талабот ба ин гуна маҳсулот дар кишвари мо камтар аст. Мисол, ширкати “Ҷавонӣ”, ки шимҳои ҷинсро ба Италия содирот мекунад, ё ширкати “Ҷунтай-Хатлон-Синсулу “, ки риштаи истеҳсолияш ба Хитой содирот мегардад. 99 дарсади истеҳсоли маҳсулоти ин ширкатҳо ба хориҷ содирот карда мешаванд”, – гуфт Шавкат Бобозода.
Ҳамзамон, директори Агентии содирот ҳамкориҳои байнидавлатиро барои Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ кард. Ӯ қайд кард, ки дар солҳои авҷи COVID 19, Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки ба Италия дар ҳаҷми зиёда аз 5 млн. дона ниқоб тақдим кард. Инчунин, ба Афғонистон низ маводи антисептикӣ тақдим карда шуда буд.
Дилноза Ҳикматуллоева