Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода зимни нишасти хабарӣ тафсилоти вохӯрии худ бо занони мардикорро шарҳ дод.

“Вазорати меҳнат масъули иншооти сохтмонии ҷашнӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст. Дидан кардани ман аз мардикорбозор замоне сурат гирифт, ки аз ин роҳ убур мекардам ва савол додам, ки инҷо куҷост? Гуфтанд мардикорбозор. Ҳангоми бозгашт дар онҷо таваққуф намудам ва бо он занон ба ҳайси вазир суҳбат накардам. Нафаре аз байни онҳо нафаҳмиданд, ки ман вазир ҳастам”,- гуфт Амонзода.

Вазир афзуд, ки ин мулоқот ба хотири фаҳмидан ва саришта намудани мушкилоти занон сурат гирифт. Инчунин, Ширин Амонзода дар боби баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ барои фаро гирифтани 15 ҳазор нафар бо ҷойҳои корӣ ва чаро ин ашхос ба ин гуруҳ фаро гирифта намешаванд, сухан гуфт. Вале сабабашро шарҳ надод.

“Ба саволҳое, ки ман ба онҳо медодам, ҷавоб гирифтам. Ҷавобҳое, ки онҳо медиҳанд, ба шуғлҳое, ки дар бозори меҳнат аз ҷониби агентӣ пешниҳод карда мешаванд, созгор нест”,- қайд намуд вазир.

Ба гуфтаи Ширин Амонзода, аксари ин бонувон барои гирифтани таълим ва омӯзиши касбу ҳунар розӣ нестанд. Вале чандин нафар аз онҳо хоҳиши хондан дошта, аммо барои хониш вақт ва маблағи зарурӣ надоштаанд. Зимни мулоқот вазири меҳнат аз ташкили курсҳои ройгон барои калонсолон гуфт. Ба қавли Амонзода, яке аз сабабҳои асосии ин мушкилот таваҷҷуҳ надоштан ё хоҳиши наомӯхтани худи мардум аст.

Ба суоли он, ки ӯ нияти дигарбора вохӯрдан бо ин занонро дорад ё не, ҷавоби рад дод ва сабабшро чунин иброз дошт:

– Онҳо аллакай медонанд, ки ман вазир ҳастам ва мисли аввала бо ман сӯҳбат нахоҳанд кард.

Ёдрас бояд шуд, ки ин вохӯрӣ тақрибан ду моҳ пеш ҳангоми сафари кории вазир ба ноҳияи Қубодиён сурат гирифта буд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ аксар ин амалро нек қабул карда, аз Амонзода ситоиш карданд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь