Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода гуфт, ки соли гузашта зиёда аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия афв гардида, вурудашон  ба ин кишвар иҷозат дода шуд. Ин нуктаро ӯ имрӯз, 9-уми феврал, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш зикр кард.

Амонзода  изҳор дошт, ки афв нисбати онҳое татбиқ шуд, ки барои вайрон кардани қоидаҳои будубош, аз ҷониби сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Русия ворид шуданашон ба ин кишвар манъ гардида буд. Хонум Амонзода тавзеҳ надод, ки ин муҳоҷирон чӣ қонуншиканиҳо карда буданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъкид кард: “Нафароне, ки бо қарорҳои суд манъи вуруд доранд, ба ин афв шомил нашуданд”.

Раҳбари Федератсияи муҳоҷирати Русия Вадим Кеженов моҳи октябри соли гузашта гуфта буд, муҳоҷироне, ки шомили афв шуданд, онҳое ҳастанд, ки ҳаққи сафар ба Русияро надоштанд. Ба гуфтаи Коженов, ин афв ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо қарори суд аз Русия хориҷ шудаанд, дахл надорад.

Қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки тақрибан 230 ҳазор нафар аз ҳаққи вуруд ба Русия муваққатан маҳруманд.

Тибқи иттилои Вазири меҳнат, соли гузашта 373 ҳазору 773 нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, 147 ҳазор нафар баргаштаанд. Инчунин, дар Вазорати меҳнати Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди тоҷик будубоши худро дар қаламрави Русия қонунӣ кардаанд. Ба гуфтаи Ширин Амонзода, ин кор хатари аз Русия ихроҷ шудани муҳоҷиронро кам кард.

Бояд гуфт, ки то ба ҳол Русия қабулкунандаи асосии нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои таъмини зиндагияшон сафар мекунанд ва ҳазорҳо нафари онҳо бо хоҳиши худ шаҳрванди Русия шуда, дар қаламрави он кору зиндагӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь