Наздикони афсари дар бинои ШВКД Панҷ кушташуда Меҳроншоҳ Аҳлиддинзода аз болои ҳукми  суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз  11-уми май ва Таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон аз 9-уми июн ба марҳилаи назоратии Суди вилояти Хатлон шикоят карда, дархост карданд, ки ҳукми суди зинаи аввал бекор карда шуда, парванда ба тафтишти иловагӣ баргардонида шавад.

Хотиррасон мекунем, ки суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон 11 майи соли 2021 Амирзода Насим Абдукаримро, ки ба самти Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ аз автомати Калашников ду тир холӣ карда, ӯро дар ҷойи ҳодиса кушта буд, бо моддаи 108. қ.2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (куштор аз беэҳтиётӣ) гунаҳкор дониста, ба номбурда бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 (се) сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи дорои низоми сукунат, инчунин бо маҳрум кардани ҳуқуқи ишғоли вазифаҳо дар хизмати давлатӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба мӯҳлати 4 (чор) сол ҷазо таъйин карда буд.

Наздикони Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ аз болои ҳукми мазкур бо шикояти кассатсионӣ ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон муроҷиат карда буданд. Коллегияи судӣ шикояти онҳоро қонеъ накард ва ҳукми суди ноҳияи Панҷро бетағйир монд.

Парванда баҳсҳои зиёд дошт ва ҳатто бо фармони прокурори вилояти Хатлон аз 20-уми майи соли 2021 нисбати прокурори ноҳияи Панҷ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 Холиқзода А.Ғ. барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастурамал «Дар бораи коргузорӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуд.

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь