Дирӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми вохӯриҳои гуруҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Мандалай бо дастаи Мянмар  ба майдон баромад ва ба шикасти сангин рӯ ба рӯ шуд.

Дастаи мунтахаби Мянмар, ки то ин дам ба дарвозаи ҳеч кадом аз рақибонаш дар гуруҳи «F» гол назада буд, якбора ба дастаи Рустам Ятимов 4 гол зад. Албатта, бозигарони Тоҷикистон низ ҷавоб гардонданд, аммо бесарусомонӣдар даста ва фориғболии баъзе аз футболбозон нагузошт, ки ақалан ҳисоб баробар шавад. Ҳамин тавр, шогирдони Усмон Тошев бо натиҷаи 3:4 мағлуб шуданд ва ин шикасти дуюми пайдарпайи даста дар ин мусобиқа аст. Дар даври пеш аз Ҷопон бо натиҷаи 0:3 дар Душанбе шикаст хӯрда буданд. . Голҳои Тоҷикистонро Манучеҳр Ҷалилов (2 гол) ва Фарҳод Восиев заданд.

Сармураббии даста Усмон Тошев дар охири бозӣ иқрор шуд, ки дар интихоби ҳайати аввалияи даста иштибоҳ кардааст ва кӯшиш мекунад, ки ин ғалатро дар бозӣ бо Қирғизистон ислоҳ кунад.

Дар бозии дигари ин давр Ҷопон дар меҳмонӣ ба дарвозаи Қирғизистон 2 гол зад ва бо ба даст овардани 3 имтиёзи дигар ҳисоби холҳояшро ба 12 расонд ва дар садри ҷадвал мавқеи худро мустаҳкам кард. Дастаи мунтахаби Муғулистон дар ин давр танаффус кард.

Ҳоло, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо шашимтиёзӣ дар зинаҳои дуюму сеюманд ва Муғулистону Мянмар бо сеимтиёзӣ дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор доранд.

БОзии навбатии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи ин мусобиқа 19-уми ноябр дар Бишкек бо дастаи мунтахаби Қирғизистон баргузор хоҳад шуд. Барои роҳ ёфтан ба даври дигар ба футболбозони тоҷик зарур аст, ки дар ин бозӣ ғолиб оянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь