Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2019 дар Бразилия аз яке аз дастаҳои асосии ин мусобиқа – дастаи мунтахаби ҷавонони Испания бо ҳисоби 1: 5 мағлуб шуд. Сарфи назар аз мағлубшавӣ, шогирдони Зайниддин Раҳимов имконияти расидан ба 1/8 финалро ҳанӯз доранд. Ҳамаи голҳои ин бозиро худи испаниҳо заданд, чун голи Тоҷикистонро Алваро Карилло ба дарвозаи дастаи худ равон кард.
Дар бозии дигари гурӯҳи “E” Аргентина бар дастаи Камерун пирӯзии дуболо ба даст овард – 3: 1. Дар ин вохӯрӣ Камерун аввал дар пеш буд, аммо аргентинагиҳо маҳорат нишон дода, ғалаба карданд.
Ҳамин тариқ, пас аз ду даври бозӣ, Испания ва Аргентина, ки ҳар кадоме 4-имтиёзӣ дошта, дар гуруҳи «E» пешсафанд ва ба даври навбатии Ҷоми ҷаҳон-2019 роҳ ёфтанд. Барои аз ин гуруҳ баромадан ба дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) лозим аст, ки дар бозии ниҳоӣ бо Аргентина мусовӣ кунад. Ин вохӯрӣ рӯзи якшанбе, 3-юми ноябр, дар варзишгоҳи Эстадио Клебер Андраде дар шаҳри Кариасики Бразилия баргузор мешавад ва соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 01:00-и 4-уми ноябр бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Ба даври навбатии Ҷоми ҷаҳон-2019 дар Бразилия ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ ва инчунин 4 дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои сеюмро гирифтанд, роҳ меёбанд.