Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе бозии панҷуми худро дар марҳилаи гуруҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2024/25 бо дастаи «Шарҷа» (Аморати Араб) баргузор кард.
Вохӯрии панҷуми «Истиқлол» мисли чор бозии дигараш низ бо шикаст ҷамъбаст шуд, аммо даста тавонист, ки дар ин марҳила аввалин голро ба ҳадаф расонад. Ин голро Эҳсони Панҷшанбе зад. «Шарҷа» тавонист, ки се гол занад ва пирӯзии худро таъмин кунад. Дар бозии аввал «Шарҷа» дар Душанбе як гол зада буд.
Дар бозии дигари ин гуруҳ байни дастаҳои «Сипоҳон» (Эрон) ва «Ал-Ваҳдат» (Урдун), ки дар Давҳаи қатар баргузор шуд, ғолиб маълум нашуд. Бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт ва «Ал-Ваҳдат» ба даври плей-офф роҳхат гирифт.
«Истиқлол» бози охиринашро дар ин мавсими Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё 3-юми декабр дар Душанбе бо дастаи «Сипоҳон» баргузор мекунад.