Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар моҳи декабр 3 вохӯрии санҷишӣ баргузор кард, ки дар ҳарсе бозӣ ба шикаст дучор шуд.

Футболбозони тоҷик бо роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар Усмон Тошев дар Уммон ду вохӯрии санҷишӣ ва дар Баҳрайн як бозии дӯстона баргузор карданд. Вохӯриҳо бо дастаи мунтахаби Уммон бо натиҷаҳои 0:1 ва 1:2 ба анҷом расиданд. Дар вохӯрӣ бо Баҳрайн соҳибони майдон панҷ голи беҷавоб заданд.

Гуфта мешавад, ки ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ин вохӯриҳо бозигарони нав даъват шудаанд, то аз санҷиш гузаранд. Ин бозиҳо дар доираи вохӯриҳои FIFA набудаанд, аз ин рӯ ба ҳайат бозигарони легионер даъват нашудаанд. Бо ҳамин се бозӣ дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон вохӯриҳои имсолаашро ба охир расонд. Дар ҳайати ин даста 16 нафар узви дастаи олимпии кишвар тамрин карданд, ки барои соҳиб шудан ба роҳхати Бозиҳои олимпии Токио кӯшиш хоҳанд кард.

FIFA рейтинги дастаҳои аъзояшро барои моҳи декабр нашр кард, ки Тоҷикистон дар он дар зинаи 120 қарор дорад. Нисбат ба моҳи гузашта Тоҷикистон ду зина мавқеашро аз даст додааст.

Дар рейтинг Белжик аввал, Фаронса дуюм ва Бразил сеюм ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь