13 июни соли 2022—IFC (Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ) ва яке аз бонкҳои пешсафи Тоҷикистон барои кӯмак ба соҳибкорони хурд ҷиҳати барқарорсозии фаъолияти онҳо пас аз зарбаи иқтисодии пандемияи COVID-19 ва мутобиқ шудан ба муҳити пасазбӯҳронӣ ҳамкориро оғоз намуданд.

IFC ба Бонки Эсхата муодили 10 миллион доллари амрикоиро бо сомонӣ ҷудо намуда, ба ин васила барои маблағгузории шумораи бештари соҳибкорони микро, хурд ва миёна (КМХМҳо) имконият фароҳам меорад. Ҳарчанд соҳибкорони хурд 35 фоизи шумораи умумии коргаронро дар Тоҷикистон бо кор таъмин мекунанд, аксар вақт онҳо барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ бо мушкилот дучор мешаванд.

Раиси Раёсати Бонки Эсхата Райнер Мюллер-Ханке гуфт: «Бонки Эсхата таърихан ба пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифат ба мизоҷон аз ҳисоби соҳибкорони микро, хурд ва миёна, ки ба хизматрасониҳо дастрасии пурра надоранд, эътибори хоса медиҳад. Бо истифода аз ин маблағгузорӣ бо асъори миллӣ, бонк метавонад дастрасии муштариёни мавриди ҳадафашро ба маблағгузории дастрас бо пули тоҷикӣ, ки дар бозор камёб аст, беҳтар намояд. Ин ба онҳо ҷиҳати аз таъсири бӯҳрони COVID-19 раҳо шудан ва рушди минбаъда ҳамзамон бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва гузоштани саҳм дар рушди соҳибкорӣ дар кишвар имконият фароҳам меорад.”

Кассандра Колберт, менеҷери минтақавии IFC дар Осиёи Марказӣ фармуд: “Дастрасии нокифоя ба маблағгузорӣ имконоти СМХМ-ро барои рушди соҳибкорӣ маҳдуд мекунад. Лоиҳаи мазкур бо стратегияи васеи IFC дар Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳибкорони хурд вобаста ба маблағгузорӣ мувофиқат мекунад. Мо боварӣ дорем, ки ин маблағгузорӣ ба муштариёни Бонки Эсхата барои суръат бахшидан ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии талошҳои онҳо барои густариши фаъолият дар давраи барқароршавӣ аз пандемияи COVID-19 мусоидат хоҳад намуд.”

Лоиҳа аз маблағгузории омехта аз ҳисоби Равзанаи бахши хусусии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, ки сармоягузориро дар бозорҳои мушкилотдошта дастгирӣ мекунад, баҳра хоҳад бурд. Ҳамкорӣ бо Бонки Эсхата дар доираи Барномаи IFC «Пойгоҳи пирамида»- ба роҳ монда шудааст. Он дар соли 2020 ифтитоҳ гардида, ба пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар пешниҳоди маблағ ба соҳибкорони хурд, соҳибкорони ғайрирасмӣ ва хонаводаҳои камдаромад, ки аз таназзули иқтисодӣ дар натиҷаи пандемияи COVID-19 осеб дидаанд, кӯмак мекунад.

Муносибатҳои IFC бо Бонки Эсхата аз соли 2005 оғоз ёфтаанд. Аз он вақт инҷониб IFC як қатор қарзҳо ва хатҳои маблағгузории соҳибкориро ба маблағи умумии 34 миллион дол. ИМА, инчунин доираи васеи хизматрасониҳои машваратиро пешниҳод намуд.

IFC – узви Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ – бузургтарин муассисаи ҷаҳонии рушд аст, ки ба рушди бахши хусусӣ дар бозорҳои ташаккулёфтаистода нигаронида шудааст. Мо бо истифода аз сармоя, таҷриба ва нуфузи худ барои эъҷоди бозорҳо ва имкониятҳо дар кишварҳои рушдёфтаистода дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунем. Дар соли молиявии 2021, бо дарназардошти муборизаи иқтисоди кишварҳо барои бартараф намудани таъсири пандемияи COVID-19, бо мақсади истифода аз қудрати бахши хусусӣ барои хотима додан ба камбизоатии шадид ва таъмини рушд бо тақсими баробари захираҳо IFC ба ширкатҳои хусусӣ ва муассисаҳои молиявии кишварҳои рушдефтаистода маблағи рекордии 31,5 миллиард доллари ИМА ҷудо кард. Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба сомонаи зерин ташриф оред: www.ifc.org

Дар доираи давраи 19-уми пуррасозии хазинаи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР), Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Барномаи “Равзанаи рушди бахши хусусии АБР (РБХ)-ро, ки дар доираи Барномаи маблағгузории АБР дар соли 2018 таъсис дода шудааст, бо мақсади ҷалби сармоягузории бахши хусусӣ дар кишварҳои фақиртарин ва осебпазиртарин давом дода истодааст. Бо эътирофи нақши калидии бахши хусусӣ дар ноил шудан ба ҳадафҳои АБР ва ҳадафҳои дугонаи Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ, равзана манбаи маблағгузории муштаракро таъмин намуда, барои аз хафв озод намудани сармоягузориҳо ба бахши хусусӣ бо дастгирии IFC ва Агентии кафолати сармоягузории бисёрҷониба (MIGA) кафолат медиҳад. РБХ-и АБР ҳангоми набудани роҳи ҳалли тиҷоратӣ ва нокифоягии дигар воситаву равишҳои Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ як роҳи ҳалли мушкилоти мазкур мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here