Ҳоли табоҳ доштани ҳоҷатхонаҳо ва моҳҳо накашонидани партовҳо аз маркази ноҳияи Шаҳритуз боиси нигаронии шадиди сокинони ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ин ноҳия гардидааст.
Даҳҳо нафар бошандаи маркази ноҳияи Шаҳритуз рӯзи 20-уми августи соли 2019 зимни суҳбат ба хабарнигори “Фараж” аз он шикоят карданд, ки партовҳо дар се-чор моҳ ҳато як маротиба кашонида намешаванд. Онҳо гуфтанд, аз буйи ғализ ва магасу ҳашароти партову ҳоҷатхонаҳо дар ин гармии тобистон нафасгир шудаанд.
Ҳатто як зани солхурда изҳори ташвиш кард, ки чанд маротиба кӯдакҳо дар ҳоҷатхонаҳои бе дару тиреза афтидаанд. Касе ба додашон намерасад, дигар ба куҷо муроҷиат карданашонро намедонанд, то партовҳо саривақт кашонида шаванду ҳоҷатхонаҳо таъмир гарданд.
Сокини дигар аз маҳаллаи Ваҳдат Муҳаббат Раҳматулоева, гуфт, ки 45 сол боз дар маркази ноҳия иқомат дорад ва партови назди хонааш то охир боре ҳам бурда нашудааст. Ин сокин бо нигаронӣ қайд кард, ки барои таъмири ҳоҷатхонаи валангор ва кашонидани партовҳо ба раиси маҳала, масъулони ҷамоати шаҳрак, корхонаи комуналӣ, маркази санитарӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳато ҳукумати ноҳия даҳо маротиба муроҷиат кардаанд, аммо касе парво надорад.
– Чораи дигар наёфтем, маҷбур шудем, партовҳоро оташ задем, зеро дохили хонаҳоямон пур аз мору каждум ва калтакалос шудааст, – мегуяд Муҳаббат Раҳмутулоева.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз Саодат Қурбонова, иддао дорад, ки ҳар рӯзи шанбе дар маркази ноҳия шанбегӣ гузаронида партовҳо саривақт кашонида мешаванд ва ҳоло марказ дар ҳоли хуб қарор дорад. Аммо ин гуфтаҳо ба вазъи рузи 20 августи соли 2019-уми маркази ноҳия тамоман рост намеомад.
Раиси шаҳрак қайд кард, як ташкилоти хориҷӣ ваъда кардааст 4-5 ҳоҷатхонаи замонавӣ дар маркази ноҳия месозад.
Роҳбари корхонаи манзиливу комуналии ноҳия Қудрат Розиқов қайд кард, ки дороии идора ду мошини боркаш, ду моторол ва як ароба аст.
– Аз сабаби набудани техника имкони саривақт кашонидани партовҳоро надорем. Ҳоло талош дорем парки техникаҳоямонро хуб карда, саривақт партовҳои мардумро кашонида, тозагии маркази ноҳияро таъмин созем, – илова кард роҳбари корхона.
Дар бораи пӯшида будани атрофи партовҳо ва қутиҳои партов тамоман ҷойи сухан гуфтан нест. Аммо худи роҳбари корхона ва се идораи дигар нақша доранд аз ҳисоби маблағҳои худ атрофи чор партовгоҳро пӯшонанд.
Дар маркази ноҳияи маҳкур 14 партовгоҳ ва 14 ҳоҷатхона мавҷуд мебошад, ки вазъи онҳо ташвишовар мебошад.
Мудири шуъбаи санитарии маркази назорати давлатию санитариву эпидимиологии ноҳия Далер Имодов, гуфт:
– Мо ҳамарӯза дар масъалаи тозагии марказ кор бурда, афроде, ки ҳолати санитариро риоя намекунанд, ҷарима мекунем.