Сарвазир Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Садриддинови ноҳияи Шаҳритус ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифер ва лӯлаҳои астбестӣ  оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ сохта шудааст.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли шифер ва лӯлаҳои астбестӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Сатторов Муҳаммад сохта шуда, 13 нафар ба ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Иншооти мазкур бо маблағи 2000000 сомонӣ сохта шудааст.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисон Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат саҳми соҳибкорони ватанӣ низ назаррас буда, дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь