5 узви як хонавода дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дирӯз дар беморхона фавтиданд, ки омили фавти онҳо ҳоло маълум набуда, мутахассисон дар пайи таҳқиқанд.
Як манбаъ аз ноҳияи Шаҳритус ба “Фараж” иттилоъ дод, ки ҳоло омили фавти ин панҷ узви як хонавода маълум нест ва интизори натиҷаи санҷиши мутахассисон ҳастанд.
Манбаъ гуфт Муҳайё Авазалиева ва хоҳараш Миҷгона Авазалиеваро бо се кӯдакаш, ки фавтиданд, имрӯз ба хок супориданд.
Блоки рекламавӣ