Дар шаҳри Кӯлоб айни замон 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ напардохтани музди кор дар соҳаҳои буҷетӣ ҷой дорад, ки ба моҳҳои июл ва август рост меояд. Далели пардохт нашудани музди корро масъулони саривақт иҷро нашудани қисми даромади буҷети шаҳр медонанд.

Сардори шӯъбаи ба нақшагирии Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Пираҳмад Қурбонов тасдиқ кард, ки ин қарз дар шаҳр ҷой дорад.

– Қарзи маош аз моҳи июл 1 миллиону 200 ҳазоро ташкил дода, моҳи август он ба се миллион сомонӣ баробар шудааст, – гуфт ӯ ва афзуд, ки талош доранд то охири моҳи сентябр маошро пардохт кунанд.

Ин шахси масъул сабаби асосии қарзи маошро дар шаҳри Кӯлоб саривақт иҷро нашудани қисми даромади буҷети шаҳр дар шаш моҳи соли ҷорӣ арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт,  нақшаи даромадҳои беҷети шаҳри Кӯлоб дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 45 миллиону 100 ҳазор сомониро  ташкил медод, ки дар асл 40 миллиону 598 ҳазору 307 сомонӣ иҷро гардида, аз ин ҳисоб 4,2 миллион сомонӣ қарз пайдо шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь