Дар 62 нуқтаи маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд дурбинҳои назоратӣ дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” насб мешаванд. Фирдавс Шарифзода раиси шаҳри мазкур дар ин бора иттилоъ дод.
Вай афзуд, ки айни ҳол 80 фисади амалисозии ин лоиҳа иҷро шудааст. Шарифзода ҳамчунин афзуд, ки лоиҳаи “Шаҳри бехатар” фаъолияти худро аввал аз ҷаримаҳои камтар оғоз мекунад. Вале нагуфт, ки кадом намуди ҷаримаҳо ва аз чанд то чанд нишондиҳанда.
Фирдавс Шарифзода иброз дошт, ки ҳангоми татбиқи лоиҳа мушкилоти марбут ба ҷаримаҳои баланд (гарон) ба миён омад, ки дар охир онҳо бо ширкати Huawei, ки сармоягузорӣ лоиҳа мебошад ба мувофиқа расиданд, то дар аввал “Шаҳри бехатар” бо ҷаримаҳои камтар (арзон) фаъолияташро оғоз намояд.
Ба гуфтаи раиси шаҳри Хуҷанд арзиши умумии лоиҳа 10-12 миллион сомонӣ мебошад. Дар пайи амалисозии “Шаҳри бехатар” ҳамчунин навсозии чароғакҳои роҳ низ ба нақша гирифта шудааст.
Амалисозии лоиҳаи “Шаҳри бехатар” дар Хуҷанд баҳри баланд бардоштани сатҳи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ронандагӣ гуфта мешавад.
Чанде қабл аз МИҲД-и шаҳри Бохтар дар мавриди амалисозии лоиҳаи “Шаҳри бехатар” бо маблағи эҳтимолии 9 миллион доллари амрикоӣ дар шаҳри мазкур хабар дода буданд. Арзиши дақиқи лоиҳа баъди гузаронидани экспертизаи техникии лоиҳа муайян хоҳад шуд.
Он замон аз МИҲД-и Бохтар гуфта буданд, ки шартномаи мазкур барои ҷорӣ намудани назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки дар пойтахти кишвар ҳанӯз соли 2013 лоиҳаи мазкур фаъол гардида буд. Дар шаҳри Душанбе наздики 900 дурбини назоратӣ дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” дар роҳҳои мошингард ва маконҳои ҷамъиятӣ насб гардидааст.