Шаҳрдори Левакант омили ба муҳоҷират рафтани омӯзгорони мактабҳои шаҳрро мушкилии иқтисодӣ арзёбӣ карда гуфт, ки чунин раванд дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ҷой дорад.

Раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода имрӯз дар нишасти хабариаш гуфт, ки тарки соҳа кардани омӯзгорон ва ба муҳоҷират рафтани онҳо мисли дигар шаҳру ноҳияҳо дар Левакант низ ҷой дорад.

Сабаби асосии ба муҳоҷират рафтани омӯзгоронро шаҳрдори Левакант  мушкилии иқтисодӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки ин дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ҷой дорад.

Мудири бахши маорифи шаҳри Левакант Ниёзалӣ Ашуров, гуфтаҳои раиси шаҳрро тасдиқ ва илова кард, ки аз моҳи январ то моҳи майи соли ҷорӣ аз муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант 52 омӯзгор тарки пеша карда, аз онҳо 28 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Мудир афзуд, ки 48 омӯзгорро дар мактабҳо  ба кор қабул кардаанд, аммо  то ҳол норасоии кадрӣ дар соҳаи моарифи шаҳр 4  нафаро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар нишаст гуфта шуд, ки дар ду сол 3 нафар пизишк тарки соҳа карда, ба муҳоҷират рафтанд, ки аз инҳо як нафараш баргаштааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь