Рӯзи  7-уми сентябри соли 2022 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода  Бахтиёр бо роҳбари палатаи савдои Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

Аз Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳр Кӯлоб хабар доданд, ки ҳайати расмӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Туркия бо роҳбарии раиси палатаи савдои ин кишвар бо мақсади боздид аз корхонаҳои саноатӣ, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва баррасии масъалаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ  ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Зимни мулоқот раиси шаҳри Кӯлоб ба меҳмонон роҷеъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва захираву микониятҳои мавҷуда дар самти рушди иқтисод, соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун ибрози андеша намуд. Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин, доираҳои тиҷоратии шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия табодули андеша намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия бародаршаҳр буда, то инҷониб миёни ин шаҳрҳо Созишномаи ҳамкориҳо ба имзо расида буд. Ҳаминак, бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ  миёни шаҳрҳои Кӯлобу Қуния 3 Созишнома дар самтҳои гуногун ба имзо расонида шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ бо нишони таҳкими робитаҳои дӯстона аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба ҳайати меҳмонон тӯфаҳои рамзии ифодагари фарҳанги волои миллии халқи тоҷик тақдим карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь