Раиси шаҳри Бохтар дар арафаи Рӯзи модар ба Корхонаи фаръии давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳр рафта, занону модарони корхонаро қадрдонӣ кард.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло, имрӯз  ба табрики занони ин корхона рафта онҳоро бо Рӯзи модарон бо суханони нек ва туҳфаҳои идона шодбош гуфт.

Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо нақши занон модарон дар пешбурди ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон назаррас буда, заҳматҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда мешавад.

Дар фарҷоми ҷамъомад кулли кормандон ва роҳбарияти корхона миннатдории хешро баён намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият додани корҳои ободониву кабудизоркунӣ омоада будани худро изҳор доштанд.

Чунин қадрдонии занону модарон аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Бохтар дар дигар идораву ташкилотҳои шаҳр анҷом дода шуда, ҳамчунин дар толори ҳукумати шаҳр ба як қатор занону модарони фаъоли шаҳр ифтихорнома ва тӯҳфаи шаҳрдор супорида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь