Аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванди Федератсияи Русия, марди 50-солаи муваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Севастополи шаҳри Душанбе, бо гумони ташкил кардани фоҳишахона дастгир карда шудааст.
Номбурда, рӯзи 22-юми августи соли 2018, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 30-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 33-солаи сокини шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 18-уми августи соли 2018 низ бо ҳамин роҳ хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 21-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва зани 26-солаи сокини шаҳри Ҳисор, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.