Дар бозии ниҳоии Ҷоми миллатҳои Африқо дастаи мунтахаби Сенегал бар дастаи мунтахаби Миср (0:0, бо пеналтӣ – 4:2) пирӯз шуд ва барои аввалин бор дар таърих қаҳрамони қитъа шуд.
Дар зарбаи пеналтӣ ҳимоятгари мисрӣ Муҳаммад Абдулмуним ба дарвоза бархӯрд ва зарбаи нимҳимоятгар Муҳанад Абдулмунимро дарвозабони Сенегал ва «Челси» Эдуард Менди баргардонд.
Сенегалиҳо як зарбаро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонданд. Ззарбаи ҳимоятгари “Бавария” Буна Сарраро дарвозабони мисриён Муҳаммад Абу Габал баргардонд.
Пеналтии ҳалкунандаро, ки унвони қаҳрамониро ба Сенегал овард, Садио Мане, вингери «Ливерпул», ба самар расонд, ки дар нимаи аввал дар дақиқаи 10-ум аз пеналтӣ гол задан натавонист. Ба ҳамдастаи ӯ аз клуби «Ливерпул»-и Премер-лигаи Англия Муҳаммад Салоҳ навбати задани пеналтӣ нарасид.
Ҳамин тавр, беҳтаринҳо низ дар Ҷоми миллатҳои Африқо маълум шуданд. Нимҳимоятгари сенегалӣ Садио Мане беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуд. Ӯ дар маҷмӯъ, дар 5 бозии мусобиқа ба задани 3 гол ва 2 партофти головар даст ёфтааст.
Эдуард Менди аз дастаи Сенегал беҳтарин дарвозабон дониста шуд, ки дар силсилаи пас аз бозӣ бо Миср як зарбаро гардонд. Дарвозабони «Челси» дар 5 вохӯрии ин мусобиқа дар 3 бозӣ дарвозаашро аз гол эмин доштааст.
Ҳамлагари Камерун Винсент Абубакар бо 8 гол беҳтарин нишонзани ин мусобиқа дониста шуд.