Суханони сенатори амрикоӣ Роҷер Уикер, ки ба зиндон ва “эъдом”-и раисиҷумҳури Русия Владимир Путин даъват кардааст, ҷинояти ошкор аст ва тибқи қонунгузории Амрико ӯ бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад. Дар ин бора вакили Думаи давлатӣ Алексей Журавлев дар суҳбат бо ОИР Новости изҳор доштааст.
Қаблан сенатори амрикоӣ дар посух ба суоли CNN дар бораи он, ки оё ба Маскав дар музокироте, ки барои хотима додан ба низоъ дар Украина шуруъ шудааст, бовар кардан лозим аст, ё на, изҳор дошт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бояд “абадӣ зиндонӣ шавад”. Ӯ ҳамчунин хостори “эъдом”-и эҳтимолии раисиҷумҳури Русия шуд.
Рӯзи 12-уми феврал президенти ИМА Доналд Трамп ва раҳбари Русия Владимир Путин телефонӣ гуфтугӯ карда, ба мувофиқа расиданд, ки шахсан мулоқот кунанд. Ин нахустин муколамаи расмии ду сарвари давлат дар давраи дуюми президентии намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон аст. Гуфтугӯи телефонӣ 1,5 соат давом кард. Трамп гуфт, ки бесаброна сафари Путин ба Амрикоро интизор аст ва ҳамчунин гуфтааст, ки мулоқоти раҳбарон метавонад, дар Арабистони Саудӣ баргузор шавад. Путин дар навбати худ сиёсатмадори амрикоиро ба Маскав даъват кард. Қаблан Трамп мулоқот бо Путинро пеш аз поёни моҳи феврал ҳадс зада буд.