Дар шаҳри Бохтар семинари таълимии серӯзаи «Нақши ВАО дар давраи пандемии COVID-19» барои 30 нафар рӯзноманигори расонаҳои электрониву чопӣ ва кормандони хадамоти матбуоти мақомоти тандурустии вилояти Хатлон ба анҷом расид.

Ин чаҳорумин тренинг аз силсилаи чорабиниҳое мебошад, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” (TEC-19) гузаронида мешаванд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Шарики иҷроияи тренингҳо Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон (АТЧТ) аст.

Тавре директори Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон Рустам Турсунов иброз дошт, «Ҳадафи асосии семинарҳо – баланд бардоштани сатҳи огоҳии зиёда аз 120 нафар кормандони матбуот дар бораи бемории нави сироятии COVID-19, омӯзонидани онҳо чихати пахн кардани иттилооти воқеӣ ва боэътимод тавассути шабакаҳои ВАО бо максади таргиби рафтори мувофики тамоми табақаҳои ҷомеа дар шароити пандемия мебошад. Тренингҳо инчунин ба баланд бардоштани иқтидори коммуникатсионии 30 нафар кормандони хадамоти матбуотии вазорату идораҳо барои ҳамкории минбаъда бо аҳолӣ ва ВАО мусоидат мекунанд».

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода зимни паёми худ ба рӯзноманигорон қайд намуд: «Мо хамеша ва минбаъд низ ба масъалаҳои ҳифзи саломатии шаҳрвандон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, маҷмӯи пурраи чорабиниҳои зидди эпидемияро дар байни аҳолӣ амалӣ мекунем. Мо инчунин корхои васеи фахмондадихи мегузаронем. Ҳоло тамоми ҷаҳон дар вазъияте қарор дорад, ки ваксина омили асосии ҷилавгирӣ аз пандемия аст. Ба вилояти Хатлон панҷ навъи ваксина ворид шуда буд  ва холо ваксинаи ширкати Pfizer ба таври ройгон дастрас аст. Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон барои саривакт ба вилояти мо расонидани ваксинахо саъю кӯшиш дорад, вале на хар як сокин, бахусус дар дехот, ба эмгузарони омода аст. То имрӯз 39,2 дарсади аҳолии вилоят ваксин гирафтаанд, рузхои наздик ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло ба таври муассир паҳн кардани иттилооти боэътимод дар бораи манфиатҳои ваксинахо ва нақши муҳими онҳо дар наҷот додани ҳаёт муҳим аст ва рисолати шумо ин аст, ки ба одамон дар гирифтани ҷавобҳои дақиқ ба саволҳои худ тавассути каналҳои гуногуни ВАО кӯмак кунед. Мо барои вохӯриҳо ва муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи матбуот боз ҳастем ва омодаем, ки дастгирии хаматарафа расонем».

Коршиносони соҳаи тиб ҳамчунин таъкид карданд, ки саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як фарди ҷомеа аз маъракаи бомуваффақияти эмгузаронӣ вобастагӣ дорад ва аз рӯзноманигорон даъват карданд, ки ҳар чӣ зудтар дар эҷоди масунияти оммави кумак кунанд, ки ин шарти муҳими рафъи пандемия хоҳад буд. Онҳо қайд карданд, ки огоҳӣ дар бораи COVID-19 салоҳияти мутахассисони соҳаи тиб аст ва кормандони ВАО бояд аз паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва хабарҳои қалбакӣ худдорӣ кунанд ва хамеша маълумоти худро бо андешаҳои бонуфузи коршиносон ва сарчашмаҳои илмӣ муқоиса намоянд. Мавзӯъҳои тиббӣ, аз қабили эпидемиология ва роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус дар ҷаҳон ва Тоҷикистон, тафсири дурусти нишондиҳандаҳои омории COVID-19, рафтори инсон дар давраи бӯҳронӣ, назардошти ҷанбаҳои равонии инфодемия ва стресс, дастгирии иҷтимоӣ ва психологии аҳолӣ дар шароити пандемия ва ғайра дар маркази таваҷҷӯҳи хосаи иштирокчиёни семинар буданд.

Тренерҳои ВАО дар бораи хатарҳои инфодемия сӯҳбат намуда, роҳҳои пешниҳоди маълумотро дар бораи сирояти коронавирус бо назардошти жанр ошкор намуда, ба иштирокчиён усулҳои тасдиқи иттилоотро омӯзониданд. Онҳо корпуси журналистиро ба роҳандозии муколамаи созанда бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ даъват намуда, ҳозиринро бо усулҳои дарёфти маълумоти дақиқ аз манобеи расмӣ тавассути ҳамкорӣ бо котибони матбуотии муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Точикистон шинос намуданд.

«Ин тренингҳо барои рӯзноманигорон, махсусан дар минтақаҳо, хеле саривақтӣ мебошанд. Журналистон на танҳо оқибатҳои коронавирус, балки вохимахоро атрофи он меомӯзанд, тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ)ро барои кормандони ВАО, стандартҳои байналмилалии журналистика дар давраи пандемия ва нақш ва масъулияти блогнависонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ азхуд мекунанд Иштирокчиёни тренинг ба саволҳои аудитория, ки онхоро ҳамчун рӯзноманигор барраси карда натавонистанд, ҳам аз тренерхо ва ҳам аз кормандони баландпояи тиббии минтақаҳо посух мегиранд», – иброз дошт тренери ВАО Хуршеди Атовулло, директори Маркази тадкикоти журналистии ҶТ. «Ман назария ва донишҳои амалии муфидеро, ки аз семинар гирифтам, хеле қадр мекунам, он ба фаъолияти минбаъдаи касбии ман такони бузург хоҳад бахшид», – афзуд Азиз Фаттоҳ, сардабири рӯзномаи «Субҳи Шаҳритус».

Дар рузхои наздик машгулиятхои рузноманигорон дар шахри Душанбе идома меебанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь