Соли 2024 ба сохтмони се иншооти муҳим — бинои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав санги асос гузошта шуд.

Ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2024 санги асос гузошта шуд. Бинои асосии вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо назардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. Тибқи лоиҳа, иншоот дорои бинои алоҳидаи дуошёна буда, дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт, ки ба тариқи роҳрав ба бинои асосӣ пайваст мегардад.

Дар бинои нав сохтмони 4 лифт дар назар дошта шуда, барои кормандони вазорат ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои машваратӣ бо имконияти васеъ ва технологияи муосири соҳавӣ бунёд хоҳанд ёфт. Баъди анҷоми сохтмон дар таҳхонаи бино маркази чопи нашрияҳо, ҳуҷраҳои техникӣ ва ёрирасон ҷойгир карда мешаванд.

Дар бинои нав ҳамчунин Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Маърифат», Корхонаи воҳиди давлатии «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои зертобеи вазорат, ки ҳоло дар ҳар гӯшаву канори шаҳр фаъолият доранд, ҷой дода мешаванд. Ин тадбир ба беҳшавии шарту шароити корӣ мусоидати назаррас хоҳад кард.

Дар маҷмуъ барои сохтмони иншоот 1,58 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, дар доираи ин тарҳ ҳамчунин сохтмони фаввораҳои зебову замонавӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт, айвончаҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд хоҳанд ёфт.

Намои берунаи иншооти нав бо шаклу услуби хоси меъмории миллию ҷаҳонӣ тарҳрезӣ гардида, атрофи он низ тибқи лоиҳа зебою замонавӣ зиннат дода хоҳад шуд.

Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ бунёд мешавад.

Ин бинои нави маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.

Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани бино тамоми раёсату шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар муассисаҳои зертобеи вазорат дар як бинои маъмурӣ ҷойгир карда мешаванд

Бинои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 14 маҷлисгоҳ, толори барҳаво бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона барои 200 нафар мебошад.

Дар бинои нав барои кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нав мутобиқ ба талаботи замони муосир барои хизматрасонии сатҳи баланд ба соҳибкорону сармоягузорон ва таҳияи лоиҳаҳои корхонаҳои саноатӣ имконият фароҳам оварда мешавад.

Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар 65 садяк давоми 2 сол сохта шуда, саҳни он мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ зебою назаррабо гардонида мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки бо иҷрои супоришҳои пайвастаи Роҳбари давлат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими созандагиҳо дар шаҳри Душанбе ба таври намунавӣ таъмин карда шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь