Дирӯз сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ба ғайр аз президенти Украина Пётр Порошенко ва президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухаммедов  барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ ба Душанбе омаданд.

Баъди ба Душанбе омадани президенти Молдова Игор Додон ва президенти ҳамсоякишвари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Беларус Александр Лукашенко, Федератсияи Русия Владимир Путин, Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян низ вориди пойтахти кишвари мо шуданд. Шоми дирӯз дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ шоми дӯстӣ ташкил карда шуд, ки ҳамаи роҳбарони кишварҳои зикршуда дар он ширкат доштанд.

Субҳи имрӯз муовини сарвазири Туркманистон Пурлӣ Агамуродов низ ба Душанбе омад, то дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ кишварашро намояндагӣ кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь