Сармуҳандиси КВД «Обу корези Душанбе» Саймурод Қаландаров аз он ки бархе аз сокинони шаҳри Душанбе барои ҳалли мушкили басарашономада, бевосита ба корхонаи онҳо нею ба расонаҳо муроҷиат мекунанд, изҳори нигаронӣ карда, онҳоро «беақл» номид.
Як хонандаи мо, сокинони кӯчаи Испечак-2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, субҳи имрӯз ба идораи ҳафтаномаи “Фараж” занг зада, хоҳиш кард, то дар ҳалли мушкили маҳаллаашон ёрӣ кунем. Шаби гузашта қубури канализатсия дар зери роҳи назди бинояшон кафидааст ва аз он об бо ҳар гуна ифлосиҳо ба рӯи роҳ ва ҷӯй ҷорӣ шудааст. Ӯ аз мо хост, то бо роҳбарияти корхонаи мазкур арзашонро расонем. Ин нафар бовар доштааст, ки агар муроҷиатҳо аз ҷониби рӯзноманигорон сурат бигиранд, масъулин оҷилан аз паи иҷрои он хоҳанд шуд. Дар ғайри сурат муроҷиати онҳо то моҳҳо бе баррасӣ хоҳад монд.
Мо низ аз чунин эътимоди хонанда рӯҳбаланд шуда, ба ёрӣ шитофтем. Бевосита бо сармуҳандиси КВД “Обу корези Душанбе” Саймурод Қаландаров тамос гирифтем. Номбурда гуфт, аз чунин ҳолат хабар надорад ва муроҷиатҳои тӯли рӯз воридшударо дар маҷлиси бегоҳирӯзӣ баррасӣ карда, аз пайи ҳаллашон хоҳанд шуд. “Ҳалли ҳама муроҷиатҳои сокинонро вобаста ба кафидани қубуру канализатсия то пагоҳ намемонем”, – гуфт ӯ.
Вале ин масъули КВД “Обу корез”-и шаҳри Душанбе аз он ки бархе аз сокинон барои ҳалли мушкилашон бевосита на ба онҳо, балки ба расонаҳо муроҷиат мекунанд, норозигӣ байн карда, чунин нафаронро “беақл” номид ва суҳбатро қатъ кард.