Дар Маркази таълимии «Пойтахт», «Ҳалқаёр», «Хоруғ» ва «Лангар», ҳамзамон дар отрядҳои сарҳадии «Дарвоз», «Панҷакент», «Истравшан», «Деваштич», «Исфара», «Ашт» ва «Мастчоҳ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бо тантанаи савгандёдкунии зиёда аз 2 000 сарбози даъвати тирамоҳи имсола баргузор гардид.

Дар ин чорабиниҳои тантанавӣ, ки ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 24 ноябр рост омад, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ, сардорони Марказҳои таълимӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони хадамоти сарҳадии Федератсия Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волидони сарбозон ва собиқадорон иштирок карданд.

Қайд карда шуд, мубориза бар зидди ҳамагуна хатарҳои эҳтимолӣ, ба хусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд, зеро ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, аз ҳар як фарди содиқ ва бонангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ мебошад.

Падару модарон низ ба сухан баромада хизмати софдилонаи фарзандонро дар ҳифзи марзу буми кишвар тақозо карданд. Онҳо ҳамчунин иброз доштанд, ки Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва Истиқлолият неъмати бебаҳои миллат аст, аз ин рӯ хизмат ба Ватан ва  садоқат ба Савганди ҳарбӣ ва пурра риоя намудани талаботҳои Оинномаҳои ҳарбӣ ифтихор аст.

Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумита ба падару модарон изҳори миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки пас аз хизмат дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандонашон бо сари баланд ба назди онҳо бармегардонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь