Дар нашриёти “Хуросон”-и  шаҳри Хуҷанд маҷмӯаи тозаэҷоди Лутфулло Яқубӣ бо номи “Санги сабур” аз чоп баромад.

Маҷмӯа аз 64 саҳифа иборат буда, бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст. Лутфулло яке аз камтарин ҷавонони хушманд, соҳибкори муваффақ, ошиқи шеъру сухан дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аст. Вай шеъро на барои номи рӯзноманигор гирифтан, на барои номи шоир гирифтан, на барои номи нависанда гирифтан менависад. Дар пешгуфтори китоби худ Лутфулло менигорад: «Инсон зиндагиро бо шеър истиқбол мегирад, шарораҳои нахустини ишқи худро бо шеър баён мекунад, тифли худро бо шеър навозиш карда, сурудеро барояш замзама мекунад.  Шеър мартабаи болотаринро дорост ва он ягона равзанаи эҳсон аст, ки тавассути он офаринандагони сухан хонандаро ба олами адаб ошно месозанд».

“Санги Сабур” аз баҳси шеър миёни Лутфуллои Яқубӣ ва бонуи соҳибқалам бо исми Ганҷина мураттаб шудааст. Дар поёни он дар бахши гуфториҳои пандомез андешаҳо дар бораи муаммоҳои зиндагӣ, хислати инсонӣ, дору мадори зиндагӣ пешниҳод мегардад.

Садоқат Ширинбекова, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь