Соли 2023 дар шаҳри бостонии Самарқанд Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии (UNWTO) Созмони милали муттаҳид баргузор мегардад. Дар иҷлосияи 24-уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ ин навид эълон шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, бино ба натиҷаҳои ҷараёни овоздиҳӣ аксари иштирокчиёни он ба тарафдории дар шаҳри Самарқанд баргузор гардидани Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ овоз доданд.

-Дар таърихи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ бори нахуст баргузор хоҳад шуд. Пӯшида нест, ки ҳамаи ин натиҷаи сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатамон, талошҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила баланд бардоштани обрӯи мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Баргузории иҷлосияи 25-уми Маҷмаи умумии сайёҳии UNWTO дар Самарқанди бостонӣ ҷалби беш аз ҳазор меҳмони хориҷиро фароҳам меорад. Гузашта аз ин, баргузории чунин нишаст таваҷҷӯҳи расонаҳои ҷаҳониро низ ба худ ҷалб намуда, дар ниҳояти кор ба тарғиби иқтидори сайёҳии кишвари мо ва ҷалби бештари сайёҳон хидмат хоҳад кард,-гуфтааст вазири Туризм ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов дар ин иҷлосия.

Дафтари матбуоти ин вазорат қайд намуд, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва кишварҳои узви он, инчунин баланд бардоштани обрӯи Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ, густариши минбаъдаи робитаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, тарғиби иқтидори фарҳангӣ ва сайёҳӣ корҳои зиёд ба сомон мерасанд.

Дар ин замина як ҳайати доманфарохи Ӯзбекистон аз Вазоратҳои туризм ва варзиш, фарҳанг, ҳамзамон ҳукумати вилояти Самарқанд ва сафорати Ӯзбекистон дар Шоҳигарии Испаниё дар шаҳри Мадрид дар иҷлосияи 24-уми UNWTO ширкат кардаанд.

Дар иҷлосияи навбатӣ Ӯзбекистон ва Португалия барои соҳиб шудан ба овозҳои ҷонибдори баргузор гардидани Маҷмаи умумии сайёҳии UNWTO СММ дар кишвари худ ариза додаанд. Дар ҷараёни ҳамин овоздиҳӣ Ӯзбекистон райъҳои бештарро ба даст овардааст ва имкон пайдо кардааст, ки Маҷмаи умумии сайёҳии UNWTO соли 2023 дар шаҳри Самарқанд баргузор гардад.

Ногуфта намонад, ки Маҷмаи умумии сайёҳии UNWTO СММ муҳимтарин анҷумани сайёҳӣ мебошад. Он дар ду сол як маротиба иҷлосияи худро баргузор мекунад. Маҷмаи умумии сайёҳии UNWTO СММ 158 кишварро муттаҳид мекунад.  Он 6 ҳудуди алоқаманд, ду қаламрав бо мақоми нозир ва зиёда аз 500 ташкилоти фаръӣ  дорад. UNWTO дар доираи Оиннома ва Қоидаҳои молиявии ҳамроҳшуда, ки 2 январи соли 1975 эътибор пайдо кардааст, фаъолият мекунад ва ҷиҳати рушди сайёҳии устувор ва дастрас ӯҳдадор мебошад.

Идораи марказии он дар шашри Мадриди Испаниё воқеъ гашта аст. Мақоми олии роҳбарикунандаи UNWTO Маҷмаи умумӣ мебошад, ки дар ду сол як маротиба даъват карда мешавад. Шӯрои иҷроия мақоми роҳбарикунандаи UNWTO мебошад ва аз аъзои комилҳуқуқ иборат аст, ки аз ҷониби Маҷмаъ аз рӯи принсипи як нафар ба ҳар 5 узви комилҳуқуқ интихоб карда мешаванд.

Мухлати ваколати аъзоёни Шӯро чор сол аст. Нисфи аъзоёни СоветШӯро дар ду сол як маротиба аз нав интихоб карда мешаванд. Испания ҳамчун кишвари мизбони қароргоҳи UNWTO дар Шӯрои иҷроия як курсии доимӣ дорад.

Баргузории чорабинӣ дар сатҳи баланд-Маҷмаи умумии оилаи СММ нахустин бор дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ба ҳодисаи таърихӣ мубаддал хоҳад шуд. Дар айни ҳол шаҳрдории Самарқанд аллакай барои кабудизор ва ободу зеботар гардонидани он тамоми талошҳои худро сарф менамояд. Дар ин шаҳр майдони ҳавоии замонавӣ ва иншооти зиёди сайёҳӣ бунёд мегарданд. Яке аз ин иншоот Маркази сайёҳӣ мебошад, ки маҳз дар Самарқанд бунёд ёфтааст.

Самарқанд ҳамзамон соҳиби конгрессхолҳои замонавӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, осоишгоҳҳо, марказҳои савдо, амфитеатр ва амсоли он мешавад. Қарор аст, ки ҷамъи ин иншоот дар семоҳаи аввали соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳанд шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь