Раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷовуддин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Бохтар барои харидани 10 адад чароғаки раҳнамо 1,3 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудаст.
– Дар ҳақиқат чароғакҳои раҳномои шаҳр куҳна шудаанд. Барои бе мушкил рафту омад кардани воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон рӯзҳои наздик 10 адад чароғакҳои рақамӣ хаидорӣ ва насб мекунем, – афзуд раиси шаҳр.
Ҳоло ронандагону пиёдагардон аз корношоям будани аксарияти чароғакҳои раҳнамои маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар шикоят карда, мегуянд, ки ин ҳолат боиси мушкилии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон шудааст.
Блоки рекламавӣ