Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаи сердаромад дониста мешавад, аммо беш аз ду сол мешавад, ки бо ҳамагир шудани вируси COVID-19, омадани ҷаҳонгардон ба кишвари мо хеле кам гардида, ба соҳаи мазкур зарбаи ҷиддӣ расонидааст.
Вабои COVID-19 сабаб гардид, ки чанд ширкати сайёҳӣ фаъолияти худро муваққатан қатъ карданд, роҳбаладу тарҷумонҳо низ мисли пешина даромад намегиранд, хостелу меҳмонхонаҳо дар деҳот ба қавле “холӣ” монданд.
Фарангис Шарипова, ки дар Ассосиатсияи рушди туризм дар водии “ Зарафшон” дар ширкати сайёҳии “Шоҳин тур” дар шаҳри Хуҷанд кор мекунад, гуфт, ки қариб 3 сол мешавад, ширкати онҳо мисли пешина ҷаҳонгардони хориҷиро қабул накардааст. Бино ба гуфтаи худаш Фарангис таҷрибаи 10-солаи роҳбаладӣ ва кор бо сайёҳонро дорад.
– Мо, пеш аз ҳамагир шудани COVID19, ҳар сол, сар аз оғози фасли баҳор то тирамоҳ, ҳар рӯз меҳмон қабул мекардем. Қариб, ки рӯзи холигӣ надошем. Аз Хуҷанд то Хатлону Бадахшону Зарафшон сайёҳонро мебурдем. Манбаи даромадамон аз кор бо сайёҳон буд. Ҳоло, беш аз ду сол мешавад, бо сабаби пандемӣ хориҷиён намеоянд ва кори мо ҳам ба маротиб суст шудааст. Шукри Худо, ки кам-кам сайёҳии дохилиро ба роҳ мондаему бо ин васила рӯз мегузаронем ва ҳам афсурдагии хешро рафъ месозем, – иброз дошт хонум Фарангис.
Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиреб ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангиаш тамошогоҳи ҳазорон ҷаҳонгардони хориҷӣ гаридааст. Дар водии Зарафшон, ба хусус дар шаҳри Панҷакент, даҳҳо мавзеи диданӣ мавҷуданд, ки ҳамасола шумораи бисёри сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд.
Ҳукумати кишвар барои ҷалби бештари сайёҳон ва ривоҷи туризм, ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир карда, солҳои 2019-2021-ро солҳои “Рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард.
Мутаассифона, 2 соли охир, таъсири манфии COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ низ бараъло эҳсос гардид. Назар ба гуфтаи нафароне, ки дар ин соҳа сару кор доштанд, даҳҳо нафаре, ки аз кори сайёҳӣ рӯз мегузарониданд, тақрибан бекор монданд, ё бо ҳар роҳе бори гарони рӯзгори хешро мекашанд.
Ширкате, ки Фарангис Шарипова кор мекунад, ба андешаи худаш, дар як сол беш аз 5000 нафар ҷаҳонгардро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон – Амрикову Аврупо ва дигар қитъаҳои олам қабул мекард.
– Ҳатто баъзан мешуд, ки барои қабули меҳмонон вақту роҳбалад намеёфтем, – мегӯяд ӯ.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба порлумони кишвар зикр кард, ки то хуруҷи COVID-19, соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017–ум 2,6 баробар зиёд шудааст. Дар соли 2019 аз шумораи умумии хориҷиёне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд.
«Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардида аст», – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Бо вуҷуди ин, 2 соли охир соҳаи туризм дар Тоҷикистон бинобар кам ворид шудани сайёҳон зарари ҷиддӣ дид. Масалан, тибқи маълумоти оморӣ дар 9 моҳи соли 2020-ум шумораи сайёҳон 355,5 ҳаз.нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 590,9 ҳазор нафар, ё 62,4 дарсад, кам шудааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда ҳама умед доранд, ки замоне боз ин соҳа ба буҷаи кишвар фоидаи зиёд меораду вазъ чун пешина хуб мегардад.
… Фарангис ҳам мисли дигар кормандони соҳаи туризм умед дорад, ки ин вабои асри 21 бо номи COVID-19 аз байн раваду мисли пешин сарҳадҳо кушода ва омаду рафти сайёҳон ба Тоҷикистон бештар мегардад.
____________________