Рӯзҳои истироҳати 23-24-уми октябр беш аз 15 нафар рӯзноманигори шинохтаи кишвар ба ноҳияи Восеъ сафар карданд. Ҳадафи сафар шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихии минтақа ва огоҳӣ пайдо кардан аз ободкориҳои соҳибкорони муваффақи ноҳия, бахусус Авазхон Кабиров дар деҳаи Меҳнатободи (собиқ Ангурбоғ) ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, буд.
Меҳмонхонаи бошукӯҳи “Сайёҳон”, ки рӯзи 4-уми октябр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онро ифтитоҳ кард, аз шоҳкориҳои ин тоҷири муваффақ шаҳодат медиҳад. Воқеан, меҳмонхонаи “Сайёҳон” бо шароити олии иқомат аз меҳмонхонаҳои маъруфи ҷаҳон камӣ надорад. Тибқи иттилои масъулини меҳмонхона, аллакай чандин нафар сайёҳи хориҷӣ аз кишварҳои Русияву Туркия дар меҳмонхонаи “Сайёҳон” иқомат кардаву аз маконҳои таърихии минтақа дидан кардаанд. Дар урфият гуфтаанд, ки дасти одамизод гул аст. Дарвоқеъ, ин шоҳкориҳоро бо чашми сар мебояд дид.