Саидмурод Мардонов, яке аз чеҳраҳои маъруфи театру кинои тоҷик ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 23-юми май дар синни 85-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар манзили худ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Ӯ аз ҷумлаи ҳунармандони маъруфе буд, ки дар тӯли фаъолияти эҷодияш дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва беш аз 150 филму барномаҳои телевизионӣ нақш офаридааст. Аз нақшҳои барҷастаи ӯ метавон Сганарел дар намоиши «Табиби зӯракӣ»-и Молйер, Саид дар «Дуртар аз сарҳад»-и Миршакар, ва Ҳалимамак дар «Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқро ном бурд.
Ҷасади марҳум имрӯз ба зодгоҳаш деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор интиқол ёфта, соати 18:00 дар канори падару модараш ба хок супурда мешавад.
Блоки рекламавӣ