Дирӯз, 16-уми май, дар сафорати Покистон дар Душанбе нишасти матбуотӣ бахшида ба “Рӯзи миллии юмни ташаккур”, ки шуруъ аз 16.05.2025 ба баъд дар Покистон чун рӯзи шукргузорӣ барои муҳофизати марзу буми Покистон аз ҳамлаҳои ғосибонаи Ҳиндустон қайд карда хоҳад шуд, баргузор гардид.
Ҳадафи нишасти мазкур ба маълумоти журналистони тоҷик расонидани факту далелҳои раднопазир аз ҷониби Покистон бобати ҳамлаҳои хунини Ҳиндустон таҳти унвони “Синдур” ба хоки Покистон буд.
Муҳаммад Сайид Сарвар, сафири Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти мазкур бобати қазияи 22-юми апрел, ки ҳамлаи терористӣ ба минтақаи Пҳалгамаи Ҳиндустон гузашта буд, шарҳ дода гуфт, ҷониби Покистон аз рӯзҳои аввал хостори ҳамкорӣ ҷиҳати дарёфти муҷримони асосии қазия ба ҷониби Ҳиндустон барқияи расмӣ фиристода буд. Аммо ҷониби Ҳиндустон бидуни ягон далел Покистонро ба ин ҳамлаи терористӣ айбдор намуда, ба минтақаҳои аҳолинишини Покистон ҳамла намуд, ки дар натиҷаи ин ҳамалот 51 кас кушта шуда, аз ин теъдод ҳамагӣ 11низомӣ, 15 кӯдак ва боқимонда аҳолии бегуноҳи бесилоҳ буданд.
Ёдовар мешавем, ки 22-юми апрел дар натиҷаи як амалиёти терористӣ дар минтақаи Пҳалгамаи Ҳиндутон 21 кас осеб диданд, ки 12 мард кушта шуда, дар миёни маҷруҳон сайёҳон низ буданд. Худи ҳамон рӯз ҷониби Ҳиндустон ҳамсоякишвараш Покистонро ба ин ҳамла гунаҳгор намуда, амалиёти гирифтани қассосро бо ибораи “хун бо хун” бо номи “Синдур” ташкил намуда, ба амалиёти ҳарбӣ оғоз намуд. Сафири Покистон гуфт: “Ҷониби Покистон, ки ҳамеша хоҳони амнияту субот дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аст, ин ҷангро намехост. Ҳарчанд Ҳиндустон кишвари пуриқтидор дар минтақа ҳам бошад, Покистон ҳамеша қудрати ҳимоят аз марзу бум ва аҳолии худро дорад, ки мо инро зимни муҳофизат ва амалиёти ҳарбии ҷавобиямон ба Созмони ҳифзи субот ва оромӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла СММ, исбот намуда, 6 ҳавопаймои ҳарбии ба хоки Покистон ҳамла намудаи Ҳиндустон ва чанд ҳавйопаймои бесарнишини он, ҳамчунин минтақаҳои ҳарбӣ-стратегиии Ҳиндустонро, ки бо ҳадафи ҳамла ба хоки Покистон қарор доштанд, безарар кардем. Ҳамчунин, мавриди зикр аст, ки мо алорағми Ҳиндустон ба манотиқи аҳолинишини ҳамсоякишвар ҳуҷум накардаем”.
Дар охир сафир ба суолҳои хабарнигорон посух дода, пас аз нишашт-брифинги иттилоотӣ дар бинои сафорат маросими “Рӯзи юмни ташаккур” бо иштироки покистониҳои дар Тоҷикистон буда ҷашн гирифта шуд ва дар ин маросим суханронии сарвазири Покистон ва изҳори таслияти ӯ аз қурбониёни ҷанг ва сипоси ӯ аз ҳамбастагии мардуми Покистон онлайн ироа гардид.
Ф. Фармон