Имрӯз дар Сафорати Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷанги ватании 44-рӯзаи Озарбойҷон, ки роҳ ба сӯйи ғалабаи пуршараф гуфта мешавад, бо иштироки рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишаст сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров аз ҳодисаҳои хунин ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар натиҷаи ҷанги ватании 44-рӯза Озарбойҷон на танҳо сарзаминҳои худ, аз ҷумла вилояти Ҷабраил, Физулӣ, Зангилон, Губадлӣ, Шуша, Ағдам, Келбаҷар ва Лочинро, ки 30 сол зери истилои ғайриқонунии ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи Арманистон қарор доштанд, озод кард, балки, ҳамзамон адолати таърихиро барқарор намуд. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳуқуқҳои беш аз як миллион озарбойҷонӣ, ки тақрибан се даҳсола бе иҷро боқӣ монда буданд, иҷро гардиданд.

“Дар Озарбойҷон шаҳрвандони Арманистон дар ҳама ниҳодҳои давлатӣ кору фаъолият доштанд. Ягон маротиба байни шаҳрвандон миллатгароӣ нашуда буд”,- афзуд ӯ.

Бояд гуфт, дар натиҷаи пирӯзии низомии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон, 10-уми ноябри соли 2020 президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, президенти Федератсияи Русия ва сарвазири Арманистон изҳороти сеҷониба аз анҷоми муноқишаи Қаробоғи Куҳиро, ки даҳсолаҳо монеаи асосӣ дар роҳи барқарории сулҳи минтақавӣ, амнияти рушди устувор буд, имзо карданд.

Зикр гардид, ки “мақсади асосии арманиҳо дар ҳама давру замон ва ҳоло ҳам ғасби қаламрави Озарбойҷон, пеш аз ҳама Қарабоғи Куҳӣ ва бадарғаи маҷбурии озорбойҷониҳо аз сарзамини таърихиашон мебошад. Ҳанӯз дар давраи шӯравӣ мақомоти расмии Ереван 46 маротиба ба Маскав муроҷиат карда, пешниҳод намуда буд, ки Қарабоғи Куҳӣ ба арманиҳо дода шавад”.

Нигора Саидбекова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here