18 майи соли равон Дафтари байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) маросими ботантанаи ба итмом расонидани сохтмони Идораи робитаҳои сарҳадӣ (BLO) дар шаҳри Пахтаободи ноҳияи Турсунзода, дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон баргузор карданд.

Идораи робитаҳои сарҳадӣ (BLO) барои мубодилаи иттилоот байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гумрук дар ҳарду тарафи марз, бо мақсади мубориза бо қочоқи одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қочоқи ғайриқонунӣ, мусоидат менамояд.

Хадамоти нерӯҳои марзбонӣ, Вазорати умури дохила, Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хадамоти гумрук, дар якҷоягӣ, дар идораҳои навтаъсис кор хоҳанд кард. Зимни сухани ифтитоҳӣ директори INL Сита Фаррелл бори дигар таъкид намуд, ки дастгирии ИМА аз амнияти марзии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва қайд кард, ки “Мо кӯшишҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо таҳдидҳо ба амният ва соҳибихтиёрӣ дастгирӣ хоҳем кард”.

Аз соли 2012 сафорати ИМА дар Тоҷикистон таъсиси ду идораи робитаҳои сарҳадиро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд, аммо ин аввалин нуқтаи сархадии роҳи оҳан дар Тоҷикистон мебошад. Он инчунин нахустин нуқтаи сарҳадии роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар якҷоягӣ бо нуқтаи сарҳадӣ дар шаҳраки Кудуклии Ӯзбекистон, фаъолияти хешро санаи 18 май оғоз намуд. Дар доираи лоиҳаи мазкур, бо маблағи 708,000 доллари амрикоӣ, сохтмони нуқтаи сарҳадии Пахтаобод ва таъмири идораи робитаҳои сарҳадии шаҳраки Кудуклӣ маблағгузорӣ шуданд.

INL маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохтори сарҳадиро дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад ва сохтмони ситоди нави отряди посбонони сарҳад дар Айваж ва посгоҳи марзии Чалдовар аз ҷумлаи онҳо мебошад. Аз соли 2002 инҷониб, ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон, барои дастгирии бахши амният, беш аз 300 миллион доллар кумак намудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь