Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои ширкат дар нишасти навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 16-17 сентябр баргузор мешавад, ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.
Дар ин бора рӯзи душанбе сухангӯи раёсатиҷумҳури ин кишвар Шерзод Асадов тайи як нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод.
– Соли гузашта, ба далели пахши пандемӣ, нишасти сарони кишварҳои аъзои СҲШ аз тариқи онлайн сурат гирифта буд, аммо ин бор сарони кишварҳо бевосита дар шаҳри Душанбе гирдиҳам омада, дар нишасти навбатии он иштирок мекунанд. Ин нишаст дар як замон ба 20-солагии таъсиси ин созмон низ рост меояд, – гуфт Шерзод Ассадов.
Ба гуфтаи сухангӯи Президенти Ӯзбекистон 16 сентябр Шавкат Мирзиёев бо раиси давравии СҲШ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсичи Русия Владимир Путин ва Нахуствазири Покистон Имрон Хон, 17 сентябр бо Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Иброҳим Раисӣ дидору мулоқотҳои дуҷониба баргузор хоҳад кард.
Маълум шуд, ки 17 сентябр нишасти сарони кишварҳои аъзои СҲШ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон барпо мегардад.
– Бино ба назари коршиносони зиёди хориҷӣ корҳои бузурги панҷ соли охире, ки таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев ба вуқӯъ пайвастааст, мунҷар ба он мебошад, ки раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хавфу таҳдидҳое, ки эҳтимоли бурузи он вуҷуд дорад, аҳамияти вижаеро касб хоҳад кард, – изҳор намуд Шерзод Асадов.
Ба гуфтаи ӯ дар замони раёсати Ӯзбекистон фаъолияти ин созмони бонуфуз беш аз пеш ҷоннок хоҳад шуд.
Тавре ки сухангӯи Президенти Ӯзбекистон тазаккур дод, 17 сентябр мулоқоти Ташкилоти шартномаи амнияти давтаҷамъии СҲШ низ баргузор хоҳад шуд. Дар он вазъияти Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд